Талоши ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC” барои ҷазби тоҷикон ба кор дар Дубай

Дар Душанбе масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC” мавриди муҳокима қарор гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ин масъала дар дидори Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат бо роҳбари ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC”-Дубай Маҳмуд Роҳпаймо матраҳ шуд.
“Дар ин дидор масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт”, - таъкид кардааст манбаъ.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки ширкати атриётӣ бо ширкатҳои маъруфи атриёти ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд.
“Дар ширкати номбурда шаҳрвандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон кор мекунанд. Роҳбарияти ширкат аз фаъолияти тоҷикон қаноатманд буда, омодаи ҷалби бештари кормандон аз ҷумҳурии мо мебошад, - зикр кардааст манбаъ.
Фиреби кардани ду ҷавони тоҷик бо ваъдаи муҳоҷират ба ИМА
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, айни замон тасмим гирифта шудааст, ки то 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба сифати ёрдамчии фурӯшанда ва корманди анбор ба ширкати номбурда сафарбар карда шаванд.
Таъкид шудааст, яке аз талаботи асосӣ ин донистани забони англисӣ мебошад.
Инчунин, зимни мулоқот тамоми масъалаҳо, аз ҷумла шарту шароити корӣ ва будубоши онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои сафарбар намудани довталабон ба Аморати Муттаҳидаи Араб байни ширкати мазкур ва МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.