Вазорати дифои Русия навореро бо қатораи "Волга" нашр кардааст, ки ба кормандони низомӣ дар гузаронидани разведкаи муҳандисӣ дар амалиёти вижа дар Украина, кумак мекунад.
Қатораро мутахассисони қушунҳои роҳи оҳани округи ҳарбии Ғарбӣ таҳия кардаанд. Қатора бо варақаҳои ғафсиашон 10 мм ва дар минтақаҳои муҳим - 20 мм зиреҳпӯш карда шудааст.
Дар платформаҳои қатора як пулемёти вазнин ва як таппончаи зенитӣ, таҷҳизот ва силоҳи оташфишон мавҷуданд.
Инчунин, қатора бо паноҳгоҳҳо барои тирандозӣ ва дафъ кардани ҳамлаи душман муҷаҳҳаз шудааст.
"Волга" ба низомиёни рус дар поксозии минаҳо ва ҳамчунин барқарор кардани самтҳои харобшудаи роҳ кумак мекунад.
Аз навор дида мешавад, ки чӣ тавр ду чархбол қатораро пайгирӣ мекунанд: онҳо қаторро аз ҳаво муҳофизат мекунанд.
Ба гуфти ронанда Анатолий, "Волга" дар ҷойҳои санҷидашуда зуд ҳаракат карда, аз ҳудудҳои нав, купрукҳо ва дигар иншооти сунъӣ "амалан пиёда" мегузарад.