ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тибқи як назарсанҷии муштараки Reuters ва Ipsos, рейтинги президенти ИМА Ҷо Байден то 36% поин рафтааст.
Тибқи маълумотҳо, назарсанҷӣ дар байни 1002 нафар пурсидашудагон, аз ҷумла 435 демократ ва 379 ҷумҳурихоҳ гузаронида шуд.
Рейтинги президент Байден ҳафтаи чорум пай дар пай поин рафта, 36% -ро ташкил дод, ки ин пасттарин натиҷа нисбати назарсанҷие, ки моҳи май сурат гирифта буд.
Тибқи ин маълумот, рейтинги Байден аз моҳи август аз 50% камтар буд.
Агентӣ қайд мекунад, ки ин барои ҳизби демократ дар пешорӯи интихоботи миёндавраӣ, ки моҳи ноябр доир мешавад, як аломати нигаронкунанда аст.
Тавре агентӣ қайд мекунад, ҳарчанд маҳбубияти Байден коҳиш меёбад, аммо вай ба бадтарин натиҷаи президенти собиқи ИМА Доналд Трамп, ки рейтингаш то 33% поин рафта буд, нарасидааст.
Маврид ба зирк аст, ки соли гузашта раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба даҳгонаи бонуфузтарин шахсиятҳо дар ҷаҳон ворид шуд.
Раҳбари Русия дар ҷои нӯҳум қарор гирифт. Аммо бояд гуфт, Путин дар муқоиса бо натоиҷи назарсанҷиҳои давраи қаблӣ дар рейтинг се зина боло рафта буд.
Он замон, Ҷо Байден, президенти Амрико дар зинаи 20-ум қарор гирифт.