Кремл шарти барқарор шудани сулҳ дар Украинаро гуфт

Қаблан яке аз низомиёни собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарҳи иборат аз 15 банд барои ҳалли низоъ дар Украинаро пешниҳод карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Агар Киев тамоми талаботи ҷониби Русияро иҷро кунад, нақшаи сулҳ барои Украина имконпазир аст.
Дар ин бора намояндаи расмии Кремл Дмитрий Песков хабар дод.
Қаблан муаллифи маҷаллаи The National Interest, коршинос ва собиқ низомӣ Дэвид Пайн тарҳи ҳалли вазъ дар атрофи Украина, аз ҷумла эълони мақоми бетарафии ин кишварро пешниҳод карда буд.
Ба гуфтаи коршинос, мавқеи Украина дар музокирот заиф мешавад, вале расонаҳои ғарбӣ ҳамоно "иштибоҳан аз пирӯзии Украина" хабар медиҳанд. Дар робита ба ин, ӯ нақшаи худро аз 15 банд пешниҳод кард, ки "воқеътарин барои Украина" аст.
Песков: Ҳадаф аз амалиёти низомӣ дар Украина пешгирӣ аз Ҷанги Ҷаҳонии Сеюм аст
Зимнан, хабарнигорон аз сухангӯи Кремл дар мавриди нақшаи пешниҳодкардаи собиқ низомии Амрико пурсиданд ва суол гузоштанд, ки оё Кремл бо мундариҷаи нақша шинос шуд ё на.
Ба гуфтаи Песков, "Кремл бо нақшаи ҳалли низоъ дар Украина, ки дар як маҷаллаи амрикоӣ нашр шудааст, ошно нашудааст.
"Не, мо имкони шинос шуданро надоштем. Сулҳ замоне дар Украина барқарор мешавад, агар ҳамаи талаботҳои Русия иҷро карда шавад", - таъкид дошт ӯ.
Сухангӯи Кремл дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди талаботҳои Русия гуфт, "Украина ҳама чизро хуб медонад".