Коршинос сабаби афзоиши мизони ҷинояткорӣ миёни муҳоҷиронро гуфт

Коршиноси русиягӣ мегӯяд, аксари муҳоҷироне, ки имрӯз вориди Федератсияи Русия мешаванд, ҷавон ҳастанд ва забони русиро хуб намедонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Коршиноси умури муҳоҷират, дотсенти шуъбаи сиёсатшиносии Академияи хоҷагии халқи назди президенти Русия, Бурда Михаил Александрович мегӯяд, яке аз сабабҳои афзоиши мизони ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон метавонад надонистани забони русӣ бошад.
Ин нуктаро Михаил Александрович зимни ҳамоиши бахшида ба масоили муҳоҷират, ки дар Маскав ҷараён дорад, баён дошт.
Ба қавли ӯ, аксари муҳоҷироне, ки имрӯз вориди Федератсияи Русия мешаванд, ҷавон ҳастанд ва дар кишварҳои мустақил тарбия ёфтаанд ва ҷаҳонбинии дигар доранд.
Бурда бовар дорад, ки сатҳи забондонии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ фарқ мекунад ва ин метавонад боиси муноқишаҳои оммавӣ ва афзоиши ҷинояткорӣ гардад.

"Масалан, муҳоҷирони қирғиз дар қиёс бо муҳоҷирон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ забони русиро хубтар медонанд, аз ин рӯ бештар дар соҳаҳои хизматрасонӣ, ки алоқа бо сокинони бумиро дар назар дорад, кор мекунанд", - қайд кард коршинос.

Мавсуф таъкид кард, ки маҳз ҳамин нобаробариҳо метавонад, боиси муноқишаҳои оммавӣ миёни муҳоҷирон ва ҳатто ҷинояткорӣ шавад.
Афзоиши мизони ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия
Ин дар ҳолест, ки бино бар омори Вазорати корҳои дохилии Русия, теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 9,5% афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Русия 17 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла 13,9 ҳазор ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони ИДМ содир шудааст.
Муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври оммавӣ Екатеринбургро тарк мекунанд: сабаб чист?
Тибқи маводи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шумораи қонуншиканиҳо миёни шаҳрвандони ИДМ нисбат ба соли қаблӣ 14,6 фоиз зиёд шуда, ҳиссаи онҳо 81,9 фоизро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, шумори ҷиноятҳо алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда, 8% афзуда, 6,5 ҳазорро ташкил додааст.