Интихобот дар ВМКБ: ба ҷойи вакилони хориҷшуда масъулини нав меоянд

Дар ҳавзаҳои бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҷойи вакилони пешин вукалои нав интихоб мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар ҳавзаҳои интихоботии ВМКБ №1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ин интихобот ба мақсади интихоб шудани масъулини нав ба ивази вакилони хориҷшуда гузаронида мешавад.
Рӯзи баргузории интихобот, 26 августи соли 2022 муқаррар шудааст.
Дар ин хусус Қарори Комиссияи марказии интихоботӣ аз 22 июн ба тасвиб шудааст, хабар медиҳад, АМИТ "Ховар" бо такя ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, 22 июн ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст.
Фармони президент барои таъйини раиси ВМКБ
Дар ин ҷаласа, масъалаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ба ивази аъзои хориҷшуда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 мавриди баррасӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 19 июн, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони таъйини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро имзо кард.
Бар асоси фармон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки тайи 7 моҳи охир иҷрокунандаи вазифа буд, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардидаст. Дар мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз моҳи ноябри соли гузашта фаъолият дорад.
Аз Данғара вакили нав вориди парлумон мешавад
Ӯ дар мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзовро иваз намуда буд.