ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Молдова мақоми номзади узвият ба Иттиҳодияи Аврупоро хоҳад гирифт, аммо ба гуфтаи Игор Додон, раисҷумҳури собиқи ин кишвар, пас аз чанд сол Иттиҳодияи Аврупо метавонад аз фаъолият бозмонад.
"Фикр мекунам, ки Молдова мақоми номзад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупоро мегирад ва шояд мақомот дар бораи ин "рӯзи таърихӣ" изҳорот омода мекунанд. Бовар надорам, ки Молдова дар ояндаи наздик узви Иттиҳодияи Аврупо шавад. Эҳтимол аст, ки Иттиҳодияи Аврупо дар панҷ, ҳашт ва ё даҳ соли наздик аз байн равад", - гуфт Додон ба хабарнигорон.
Вай қайд кард, ки дар Булғористон ҳукумати тарафдори аврупоӣ барканор шуд, дар дигар кишварҳо бӯҳронҳои сиёсӣ хоҳанд буд, аз ин рӯ, кобинаҳои дигар низ метавонанд ба “фурӯпошӣ” дучор шаванд.
Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфт, ки Комиссияи Аврупо ба Молдова ва Украина мақоми номзад барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро тавсия додааст.
Тасмими ироа ё радди мақоми номзад ба Украина, Молдова ва Гурҷистонро сарони давлат ва ҳукуматҳои Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти рӯзҳои 23-24 июн дар Брюссел бо назардошти тавсияи Комиссияи Аврупо қабул мекунанд.
Қаблан, раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин изҳор дошт, ки Украина на танҳо ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо, балки ҳамчун номзад ба узвият дар ин иттиҳод низ мувофиқ нест.
"Украина ба ҳеҷ ваҷҳ на барои узвият дар ҷомеаи Аврупо ва на мақоми номзад мувофиқ нест. Фасоди сартосарӣ, ҷиноятҳои густурда, қудрати олигархӣ ва иқтисоди харобшуда хусусияти Украинаи муосир аст. Ва Аврупо низ инро хуб дарк мекунад. Аммо хоҳиши заиф кардани Русия бартарӣ дорад ", навиштааст Володин дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Володин бовар дорад, ки натиҷа барои Украина ғамангез хоҳад буд.