Аз барфрезӣ то раъду барқу меғ: дамои ҳаво дар Тоҷикистон

Дар шарқи кишвар салқинии ҳаво идома карда, ҳатто сардтар мешавад, аммо дар дигар минотиқ гармиҳо боз ба сатҳи аввалияш бармегардад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Обуҳавошиносони тоҷик пешгӯӣ карданд, ки дар бархе аз минотиқи Тоҷикистон барф ва дар баъзе манотиқи дигар борони кӯтоҳмуддат мебораду раъду барқ ба амал меояд.
Ба иттилои Агентии ҳавосанҷии кишвар, ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар минтақаҳои шарқии вилоят шабона барф меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал омада, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд.
Харобкориҳои сел дар ноҳияи Рӯдакӣ: пулро шуст ва манзилҳои 5 деҳаро тахриб кард
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро ҳавои бебориш дар назар буда, гармиҳои тоқатфарсо боз бармегардад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 126+31 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро ҳавои тағйирёбанда фаро хоҳад гирифт, аммо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ низ ба амал омада, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Боришот дар пойтахт дар назар нест ва ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.