Толибон аз СММ барои ҳалли мушкилоти паноҳҷӯёни афғон кумак хост

Вазорати муҳоҷирони давлати толибон аз Созмони Милал дархост кард, ки ба чолишҳои паноҳҷӯёни Афғонистон дар кишварҳои дигар ба гунаи ҷиддӣ расидагӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Халилурраҳмони Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати муҳоҷирони Афғонистон дар маросиме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон гуфт, ки бо паноҳҷӯёни Афғонистон дар кишварҳои дигар бархӯрди нодуруст мешавад.
Ҳаққонӣ дар идома афзуд, садои муҳоҷирин, мушкилот ва ҳуқуқи ононро ба тамоми дунё ва ниҳодҳое, ки масъулият доранд, бояд бирасонем.
Леонард Зулу, раиси Кумиссариёи паноҳндагони СММ дар Афғонистон низ дар ин маросими Рӯзи ҷаҳонии паноҳндагон гуфт, ки Афғонистон бо доштани беш аз ҳафт миллион паноҳҷӯ бо буҳрони гуруснагӣ низ рӯ ба рӯ аст.
Вай мутааҳҳид шуд, ки дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои дигари ҷаҳонӣ ба чолишҳои паноҳҷӯён расидагӣ хоҳад кард.
Теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш дар Афғонистон аз 1000 нафар гузашт
Ҳамзамон Антонио Гуттерриш, дабири кули СММ низ бо нигаронӣ аз вазъи бади муҳоҷирони Афғонистон эълом кард, ки дар ҳоли ҳозири 24 миллион шаҳрванди Афғонистон ба норасоии ғизо рӯ ба рӯ ҳастанд ва 97 дарсади дигар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд.
Созмони афви байналмилал низ эълом кард, ки буҳрони паноҳҷӯёни Афғонистон яке аз бузургтарин ва тӯлонитарин буҳронҳо дар ҷаҳон аст.
Ин созмон дар баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии паноҳндагон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки бозгашти иҷбории паноҳндагони Афғонистонро аз кишварҳои ҳамсоя таваққуф диҳад.
Бар асоси оморҳои ҷаҳонӣ беш аз ҳафт миллион шаҳрванди Афғонистон ба иллати даргириҳо, хушунат ва фақр маҷбур ба тарки хона ва кишвари худ шудаанд, ки бештари ин шаҳрвандон дар Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Малайзия ва Туркия муҳоҷир ҳастанд.