ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар Афғонистон теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш марзи ҳазор нафарро убур кард.
Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба раиси бахши фарҳанг ва иттилооти вилояти Пактико Амин Ҳузайфа иттилоъ дод.
"Шумори қурбониёни ин офати табиӣ аз 1000 нафар гузашта, ҳамчунин 1500 нафар дишгар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд", - афзуд Ҳузайфа.
Қаблан теъдоди ҳалокшудагон 250 нафар ва захмиён 500 нафар гузориш шуда буд.
Маркази зилзиланигории Амрико эълом кард, заминҷунбӣ бо қудрати 6,1 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) бомдоди чаҳоршанбе ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.
Ба гуфтаи ин марказ, зилзила дар 44-километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51-километрии замин рух додааст.
Манбаъ дар истинод ба шоҳидони маҳаллӣ хабар додааст, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон заминларзаро эҳсос кардаанд.
Билол Каримӣ, сухангӯии давлати толибон дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки “муттаассифона, шаби гузашта зилзилаи шадид дар чаҳор вулусволии вилояти Пактико рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо тан аз ҳамватанони мо куштаву захмӣ шуданд ва даҳҳо хона вайрон шуд”.
“Мо аз ҳамаи ожонсҳои имдодӣ мехоҳем фавран тимҳоеро барои ҷилавгирӣ аз вуқуи фоҷеаи бештаре ба минтақа эъзом кунанд”,- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар натиҷаи як зилзилаи 5,6-дараҷаӣ дар устони Бодғис 26 нафар ҷон бохта, шумори зиёди манозил ҳам тахриб шуда буданд.