Сел роҳи мошингарди Бохтар - Ёвонро масдуд кард

Барои боз кардани роҳ ва таъмини ҳаракати нақлиёт ба ҷойи ҳодиса техника сафарбар шудааст ва ҳоло танҳо як қисми роҳ барои равуои мошинҳои сабукрав боз аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бар асари боронгариҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Ифтихор, деҳаҳои Навободи ноҳияи Ҷомӣ селфароӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад КҲФ.
Бар хабари ин ниҳод, сел аз кӯҳдоманҳо омада, роҳи мошингарди самти Бохтар-Уйлӣ-Ҷомӣ-Ёвонро пурра хароб кард.
Зикр гардид, ки барои боз кардани роҳ ва таъмини ҳаракати нақлиёт ба маконҳои харобгардида техника сафарбар шуд ва феълан танҳо як қисми роҳ барои равуои мошинҳои сабукрав боз аст.
КҲФ мегӯяд, поксозии роҳ идома дорад.
Ҳамчунин боронгариҳои шадиди шаби 20 ба 21 июн дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав хисороти зиёд овард.
Харобкориҳои сел дар ноҳияи Рӯдакӣ: пулро шуст ва манзилҳои 5 деҳаро тахриб кард
Бар асари боронҳои шадид сатҳи об дар селпартои деҳаи Аҷам баланд гардида, обу лой аз обгузарҳо берун шуда, ба заминҳои наздиҳавлигӣ, манзилҳои истиқоматӣ, таҳхонаҳо ва хоҷагиҳои ёрирасони сокинон ворид гардид.
Барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи мазкур наҷотбахшон фаъолият мебаранд ва ҳамчунин барои ҳисоб кардани ҳаҷми умумии зарар комиссияи махсус созмон дода шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар аксар манотиқи Тоҷикистон давоми чанд рӯзи ахир ҳаво ноустувор буда, боронгариҳои шадид боиси омадани сел гардидаанд. Сел асосан роҳҳои мошингузар, пулу заминҳои кишт ва ҳавлии сокинон хароб намудааст.