ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия таъкид кардааст, ки дар сурати муроҷиати мақомоти Афғонистон, Маскав омодааст ба Кобул кумаки зарурӣ расонад.
"Агар Кобул муроҷиат кунад, Маскав омодааст ба мардуми дӯсти Афғонистон кумаки заруриро расонад", - гуфтааст хонум Захарова дар изҳороте, ки дар саҳифаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия нашр шудааст.
Вазорати хориҷаи Русия низ ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
"Мо ба мардуми афғон дар робита ба ин офати маргбори табиӣ таслияти самимии худро баён мекунем. Ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ баён мекунем. Мо ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорем", - таъкид доштааст Захарова.
Ёдрас мешавем, ки шаби гузашта дар вилояти Пактико ва Хусти Афғонистон зилзилаи шадиди маргбор рух дод.
Ба иттилои мақомоти Афғонистон теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш марзи ҳазор нафарро убур кард.
Раиси бахши фарҳанг ва иттилооти вилояти Пактико Амин Ҳузайфа иттилоъ дод, шумори қурбониёни ин офати табиӣ аз 1000 нафар гузашта, ҳамчунин 1500 нафар дишгар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд
Маркази зилзиланигории Амрико эълом кард, заминҷунбӣ бо қудрати 6,1 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) бомдоди чаҳоршанбе ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.
Ба гуфтаи ин марказ, зилзила дар 44-километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51-километрии замин рух додааст.
Шоҳидони маҳаллӣ хабар додааст, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон заминларзаро эҳсос кардаанд.