ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон тавлиди гӯшти мурғ ва тухм афзоиш ёфтааст, менависад “Авесто” бо такя ба Вазорати кишоварзии кишвар.
Ҳамин тариқ, дар давоми панҷ моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ беш аз 17,6 ҳазор тонна гӯшти парранда истеҳсол шудааст.
Ин рақам нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2021 - 23,3% бештар аст. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд афзоиши тавлиди гӯшти мурғ мушоҳида мешавад.
Дар қисмати шимолии кишвар, афзоиши истеҳсоли маҳсулот 22,2 фоизро ташкил дода, ба 7,2 ҳазор тонна расонида шудааст.
Аммо дар вилояти Хатлон афзоиш 27,2 фоиз афзуда, беш аз 5,1 ҳазор тонна гӯшти парранда истеҳсол шудааст.
Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки аз аввали соли ҷорӣ тавлиди тухм афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тавр, дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ, зиёда аз 487,5 миллион дона тухм истеҳсол карда шуд, ки ин назар ба соли гузашта 27,1 фоиз зиёд аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки Тоҷикистон барои интиқоли меваю сабзавот ба вилоятҳои Маскав ва Свердловск миқдори рекордии дархостҳо дарёфт кардааст.
Меваю сабзавоти Тоҷикистонро дар бозорҳои Русия аз дер боз интизоранд. Маълум аст, ки 92 дарсади маҳсулоти меваю сабзавоти Тоҷикистон, к вориди Русия мешавад, истеҳсоли Суғд аст.