ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико бар ин назар аст, ки шеваи бархӯрди маъмурияти президенти кунунӣ Ҷо Байден бо низоъ дар Украина метавонад ба ҷанги ҷаҳонӣ хотима бахшад.
"Кишвари мо мушкилоти бузург дорад. Ва мо ба далели он чӣ дар Украина ва бо Русия рух медиҳад, дар хатари ҷиддӣ қарор дорем. Тарзи рафтори онҳо (маъмурияти ИМА - шарҳ аз идора) метавонад ба ҷанги ҷаҳонӣ хотима ёбад", - гуфт Трамп дар мусоҳиба бо Newsmax.
Дар посух ба суоли мизбон дар бораи муносиб будани Байден ба раҳбарии Амрико, Трамп гуфт, ки "вазъият дар кишвар ноком аст" ва аз ҷумла аз вазъи хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ва афзоиши таваррум дар ин кишвар ёдовар шуд.
Қаблан Трамп гуфта буд, ки "заъф ва нотавонӣ"-и рақиби сиёсии ӯ Ҷо Байден имкон дод, ки амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина оғоз шавад ва дар замони маъмурияти ӯ "ин албатта рух намедод".
Ин дар ҳолест, ки сафири Русия дар Амрико Анатолий Антонов кашонидани аслиҳа ба Киевро як роҳе ба рӯёрӯӣ миёни Русия ва Иёлоти Муттаҳида номида гуфт, ин вазъро боз муташанниҷтар месозад.
"Магар онҳо дарк намекунанд, ки ин роҳи бархӯрди мустақими ҳарбии байни бузургтарин қудратҳои ҳастаӣ мебошад, ки оқибатҳои пешгӯинашаванда дорад?", - гуфта мешавад дар мақолаи Антонов барои маҷаллаи Newsweek.
Сафир таъкид кард, ки нақшаҳои ИМА бо "таҳримҳои буғикунанда" алайҳи Русия низ натиҷа намедиҳанд.
"Ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо беандешона вазъи иқтисоди ИМА-ро боз ҳам шадидтар мекунад. Яъне маълум мешавад, ки Вашингтон дар ғавғои зидди Русия омода аст, ки ба пои худ парронад ва ҳамзамон рақс кунад. Ин бемаънӣ ба назар мерасад”, - гуфт сафир.
Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки талошҳои ИМА " ба ҳеҷ ваҷҳ ба азми Қувваҳои Мусаллаҳи Русия барои иҷрои вазифаҳое, ки дар ҷараёни амалиёти махсуси низомӣ барои ҳифзи сокинони Донбасс гузошта шудаанд" ва инчунин барои ноил шудан ба ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина монеъ намешаванд.