Посухи тунди Шолтс ба мақомоти Украина

Садри аъзами Олмон бо радди иттиҳомоти Киев таъкид кардааст, ки ба мақомоти Украина имкон намедиҳад, то болои Берлин фишор оранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон гуфт, иттиҳомоти Киев дар интиқоли сусти силоҳ воқеият надорад, хабар медиҳад радиои Sputnik.
"Бисёр он чизе, ки онҳо дар ин кишвар мегӯянд, дуруст нест", - гуфт Шолтс.
Ба гуфтаи ӯ, Украина мураккабии масъаларо нодида мегирад. Ҳангоми таъмини аслиҳаи муосир, низомиёни украинӣ бояд аввал барои истифода аз онҳо омӯзонида шаванд, вагарна онҳо бесамар хоҳанд буд.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки яроқу аслиҳа мошин нест ва онро баосонӣ харидан ғайриимкон аст.
Дархости махфии Макрон, Шолтс ва Драги аз Зеленский дар бораи Русия ошкор шуд
Илова бар ин, ӯ қайд намуд, ки ба касе иҷозат намедиҳад, ки ӯро аз роҳи мувозинати сиёсӣ баранд.
Қаблан сиёсатмадорони украинӣ мақомоти Олмонро барои дастгирии суст ва нокофии низомӣ аз Киев интиқод мекарданд.
Аз ҷумла, сафири Украина дар Олмон Андрей Мелник гуфт, Берлин бо баҳонаҳои бардурӯғ интиқоли силоҳро ба таъхир меандозад.