Песков: Маскав дигар ҳеҷ гоҳ ба Ғарб бовар нахоҳад кард

Котиби матбуотии президенти Русия дар мусоҳиба бо як нашрияи ғарбӣ гуфт, буҳрони марбут ба авзоъ дар Украина тӯлонӣ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо NBC гуфт, Ғарб ҳеҷ гоҳ бовари Маскавро бозпас гирифта наметавонад.
Ба гуфтаи вай, буҳрон дар Украина эҳтимол тӯлонӣ хоҳад шуд.

"Бале, ин буҳрони тӯлонӣ хоҳад буд, аммо мо дигар ҳеҷ гоҳ ба Ғарб бовар нахоҳем кард", - таъкид кард раҳбари бахши матбуотии президент.

Гуфтугӯ бо Песков беш аз як соат идома кард, аммо ба гуфтаи мусоҳиб Сайрус Симмонс, мусоҳиба танҳо чанд порча бо тӯли умумии чанд дақиқа пахш шудааст.
Дар он котиби матбуотии президент дар бораи зархаридони амрикоие, ки дар Украина боздошт шудаанд, суҳбат карда ва ҳамчунин изҳоротро дар бораи дурнамои рушди буҳрон иқтибос кардааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки шакли пурраи ин мусоҳиба намоиш дода мешавад ё на.
Песков: ИМА бояд дарк кунад, ки ҷанг бо Русия беҳуда аст
Пештар Песков ҳамчунин изҳор карда буд, ки пас аз мусодираи дороиҳои мунҷамидшудаи Русия эътимод ба ИМА ва ИА аз ҷониби шаҳрвандоне, ки дар ин кишварҳо моликият доранд, низ коста хоҳад шуд.
Вай инчунин кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида ва шарикони ғарбии онро барои "бӯғисозӣ"-и Федератсияи Русия бо таҳримҳо бесамар хонд.
Сухангӯи Кремл қайд кард, ки ин далелро коршиносони байналмилалӣ аллакай эътироф кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24-уми феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳифозати мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.