Дар Оренбург муҳоҷири 23-солаи тоҷикро корд заданд

Муҳоҷир бо ду захми ҷиддии корд дар қафаси синааш фавран ба бемористон интиқол дода шуд ва феълан табибон барои наҷоти ҷони ӯ талош мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Новосергиевски вилояти Оренбург шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон қариб кушта мешуд. Дар ин бора торнамои "56 orb.ru" хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ба муҳоҷири 23-солаи тоҷик, ки муваққатан дар вилояти мазкур ба сар мебарад, марди 42-сола бо корд ҳамла намудааст.
Таври кормандони милитсияи вилояти Оренбург муайян намуданд, ҳамлагар сархуш буд ва бо сабабҳои номаълум бо муҳоҷири ҷавон ҷанҷол кард ва сипас бо корд ду маротиба ба қафаси синаи ӯ зарбаҳои сахт расонд.
Муҳоҷири тоҷик дар Маскав зери ғарами хишту семент монд - видео
Ҳоло шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз бемористонҳои ин вилоят қарор дорад ва табибон барои наҷот додани ӯ талош мекунанд.
Манбаъ меафзояд, дар робита ба ин ҳодиса аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ҳамлагар дар боздошт қарор дорад.
Таксирони 32-солаи тоҷик ва падари се фарзандро дар Оренбург бераҳмона куштанд
Раёсати Вазорати умури дохилаи вилояти Оренбург мегӯяд, дар сурати анҷоми мурофиаи додгоҳӣ, ба ӯ то даҳ соли зиндон дар колонияи низомаш шадид таҳдид мекунад.
Манбаъ, ҳуввияти ҳамлагарро ошкор накардааст ва ҳамчунин маълумоти бештар дар мавриди муҳоҷири маҷрӯҳшуда низ рӯи даст нест.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Оренбург моҳи апрел як таксирони 32-солаи тоҷик бераҳмона кушта шуд. Ҷасади муҳоҷири тоҷикро пайвандони ӯ шаби 26 ба 27 апрел дар як ҷангал назди мошинаш пайдо карданд.
Раёсати тафтишотии Оренбург хабар дода буд, ки дар робита ба ин қазия парванда боз шуд ва як нафар ҳамчун гумонбар дар қатли ин муҳоҷири тоҷик боздошт шудааст.