ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Қурби доллари амрикоӣ дар биржаи Маскав 54,7 рубл ва евро то ба 57,4 рубл поин рафтаст, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои расонаҳо, қурби рубл дар биржаи Маскав аз 55 рубл поинтар бори охир 30 июни соли 2015 фаромада буд.
Болоравии қурбро ба нархи баланди манобеи энержӣ ва пардохти андоз дар охири моҳи июн рабт дода мешавад, чун содиркунандагони мол барои пардохти молиёт бояд қисме аз даромадашонро ба рубл гардонанд.
Ин дар ҳолест, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад. Ин нуктаро ахиран ноиби аввали сарвазири Русия, Андрей Белоусов таъкид кард.
Ӯ изҳор дошт, ки ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад.
Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
"Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.
Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод.