Худкушии як духтар ба далели мухолифат бо издивоҷи иҷборӣ

Духтари ҷавоне дар мухолифат бо тасмими хонаводааш барои издивоҷи иҷборӣ худро дар хона ҳалқаовез карда, ба зиндагии худ поён додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Мегӯянд дар маҳалле дар вилоят Бомиён, як духтари ҷавон ба далели мухолифат бо издивоҷи иҷборӣ худашро ҳалқаовез карда ва ба зиндагиии худ поён додааст, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин духтари ҷавон сокини рӯстои "саидбобо"-и вулусволии Сиғони вилоят Бомиён будааст.
Як манбаъ аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, ба расонаҳо хабар додааст, ки хонаводаи ин духтар қасд доштанд ӯро бидуни ризоят ба писархолааш ба шавҳар бидиҳанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ин духтар дар мухолифат бо тасмими хониводааш худро дар хонаи ҳалқаовез карда, ба зиндагии худ поён додааст.
Омодагии Шӯрои олии муқовимати Афғонистон барои гуфтугӯ бо толибҳо
Вай илова кард, ки хонаводаи ин духтар талош мекунанд худкушии духтарашонро пинҳон нигоҳ доранд.
Масъулони амниятии толибон дар Бомиён то кунун дар ин замина чизе нагуфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расонаҳо ахиран мавориди худкушӣ дар бархе аз вилоятҳои Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Хушунати хонаводагӣ ва фишори рӯҳии ношӣ аз вазъияти бади иқтисодӣ аз авомили аслии худкушӣ дар кишвар дониста мешавад.