ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Ба далели ҷорӣ кардани таҳримот ба нафти Русия аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, бозорҳои ҷаҳонро тобистони "беҳад вазнин" интизор аст. Дар ин бора Business Insider менависад.
Таҳлилгар Виктор Катон дар матлабе барои нашрия қайд кардааст, ки ягона умеди поин рафтани қимати тиллои сиёҳ мизони баланди фоизи қарзҳост.
"Таъсири мустақим дар ояндаи наздик тобистони бениҳоят душвор хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Муаллифи Business Insider хулосаҳои бисёре аз коршиносон ва сиёсатмадорони байналмилалиро таъйид кард, ки мегӯянд, талошҳо барои маҳрум кардани Маскав аз даромад аз фурӯши манобеъи энержӣ натиҷаи интизорраванда надоданд.
Онҳо қайд карданд, ки Русия, баръакс, нисбат ба пеш аз оғози амалиёти махсус дар Украина бештар нафт содир мекунад.
"Ба шарофати болоравии нархҳо, кишвар ҳар моҳ аз харидорони хориҷӣ тақрибан 20 миллиард доллар мегирад", - навиштааст Business Insider.
Нашрия ҳамчунин дар байни коршиносон як назарпурсӣ анҷом додааст. Ба гуфтаи онҳо, коҳиши пешниҳод аз Русия ва афзоиши талабот бо назардошти эҳёи бахши сайёҳӣ пас аз пандемия, боиси боз ҳам боло рафтани қимати тиллои сиёҳ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд.
Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Ҳамин тариқ, ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунбол як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо намуд.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро маҳдуд кард ва баъдан шароб, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат шомил кард.
Ҳамчунин, бисёре аз брендҳои хориҷӣ кор дар Русияро боздоштанд.