ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва нахуствазири Итолиё Марио Драгӣ дар ҷараёни сафар ба Киев яке аз дархостҳои Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украинаро рад карданд.
Ҳамин тариқ, кишардори Украина аз раҳбарони Аврупо хост, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ҳарчи зудтар бо аслиҳа таъмин кунанд, менависад "Los Angeles Times".
Аммо "илтиҷо"-и Зеленский беҷавоб монд. Ба гуфтаи шореҳи рӯзнома Дойл Макманус, дар Ғарб нишонаҳои "хаста шудан аз Украина" тадриҷан пайдо мешаванд.
Аксари сиёсатмадорон аз паёмадҳои иқтисодии таҳримҳои зидди Русия норозӣ ҳастанд.
Дар натиҷа, Макрон, Шолтс ва Драги, ки Зеленский ба кумаки онҳо ин қадар умед мебанданд, ба ӯ “аз ҳама чизи дилхоҳро” надоданд, таъкид кардааст муаллифи Los Angeles Times.
Коршинос ҳамчунин вуруди Украина ба Иттиҳодияи Аврупоро ғайриимкон медонад.
Қаблан рӯзномаи Figaro навишта буд, ки Фаронса, Олмон ва Итолиё ҷонибдори ҳалли зудтари дипломатии авзоъ дар Украина ҳастанд, ҳатто ба қимати гузаштҳои қаламравӣ ба нафъи Русия.
Сиёсатмадор Николя Бавере таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар ҷомеаи Аврупо ихтилоф вуҷуд дорад.
Бархе аз кишварҳо ҷонибдори идомаи фишори таҳримӣ болои Маскав ҳастанд ва бархеи дигар ҷонибдори ҳалли мушкилот аз тариқи дипломатӣ.