Чиҳилу панҷ дарсади муҳоҷирони афғонистонӣ ба Эрон рафтанд

Масъулини Вазорати умури муҳоҷирони ҳукумати толибон ахиран гуфтаанд, ки ҳудуди 45 дарсад аз кулли муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон зиндагӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Абдулмуталиб Ҳаққонӣ, сухангӯи Вазорати умури муҳоҷирони ҳукумати толибон ахиран ба муносибати 20 июн, Рӯзи ҷаҳонии паноҳҷӯён дар гуфтугӯ бо хабарнигори "Эронпресс" дар Кобул гуфт, ки Афғонистон тақрибан 7 миллион муҳоҷир дорад, ки 3 миллионнафари онҳо дар Эрон ба сар мебаранд.
“Аз 7 миллион муҳоҷири афғон се миллион дар Эрон, се миллион дар Покистон ва як миллион нафари боқимонда дар соири манотиқи ҷаҳон зиндагӣ мекунанд”, - афзуд Ҳаққонӣ.
Вай қайд кардааст, ки пас аз ба сари қудрат омадани толибон, ҳудуди 700 ҳазор нафар аз муҳоҷирони кишвар ба Афғонистон баргаштанд ва ин омор дар ҳоли афзоиш аст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Афғонистон баргашт - видео
Ин ҳам дар ҳолест, ки Билол Каримӣ, муовини сухангӯи давлати толибон дар Афғонистон ба рӯзноманигорон дар бораи таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон ва рафъи ниёзҳои фаврии мардуми ин кишвар таъкид кард.
“Ҳамаи кишварҳо аз нигоҳи инсонӣ бояд ниёзҳои мардуми Афғонистонро дар назар бигиранду кумакҳои башардӯстонаи худро дар бахшҳои мухталиф барои афғонҳо ирсол кунанд”, - гуфт Билол Каримӣ.