ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Аз аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 12,5% коҳиши воридоти орд ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Хадамоти гумруки кишвар.
Бар хабари манбаъ, дар панҷ моҳ ба Тоҷикистон беш аз 329,6 ҳазор тонна гандум ба маблағи умумии беш аз 102,2 миллион доллар ворид карда шуд. Дар ин замина афзоиши нарх 10,8 фоизро ташкил дод.
Воридоти ин маҳсулот низ аз рӯйи вазн 8,3 фоиз кам шуда, аз рӯйи арзиш 14,6 фоиз афзудааст.
Бояд қайд кард, ки гандум ва орд ба кишвар асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад.
Ҳоло бисёре аз кишварҳои содиркунандаи ин навъи маҳсулот маҳдудиятҳои содиротӣ ҷорӣ кардаанд, ки дар натиҷа нархи орд дар саросари ҷаҳон боло рафтааст.
Ҳамакнун дар Тоҷикистон арзиши як халта орди 50 кг, навъи аввали тавлиди дохилӣ 385 сомонӣ (ҳудуди 35,3 доллар) аст.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол дар ҷумҳурӣ беш аз 186,6 ҳазор тонна орд (асосан аз ҳисоби коркарди гандуми воридотӣ) истеҳсол шудааст. Ин рақам беш аз 95,4 ҳазор тонна ё нисбат ба соли 2021 33,8% камтар аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон арзиши маҳсулот хеле баланд шудаст: ҳам нархи озуқаворӣ ва ҳам маҳсулоти дигар гарон шудаанд.
Дар ҳамин ҳол сатҳи таваррум дар Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои 5 моҳи соли равон 3,9 фоизро ташкил дод.