Вокуниши шадиди Лавров ба Ғарб дар мавриди интиқоли силоҳ ба Украина

Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки Маскав нияти риояи қоидаҳои бофтаи Вашингтонро надорад ва худи онҳоянд, ки уҳдадорияшонро риоя намекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида наметавонад Русияро аз ҳуқуқи овози худ дар умури байналмилалӣ маҳрум созад.
Ҳамчунин, Вошингтон наметавонад Маскавро маҷбур созад, ки қоидаҳои бофтааш барои интиқоли силоҳ ба Украинаро риоя кунад. Дар ин бора ба рӯзноманигорон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров хабар дод.
Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида ба ҳадафҳои мушаххасе ноил шудан мехоҳад, ки онҳо кайҳо эълон карда буданд.
"Русия бояд ҷои худро бидонад, Русия ҳақ надорад, дар умури байналмилалӣ садои худро дошта бошад, Русия бояд қоидаҳои ихтироъкардаи Амрикоро риоя кунад. Ҳамааш ҳамин аст, ба фикрам, онҳо комилан рӯшан ҳастанд, ки муваффақ намешаванд", - гуфт Лавров.
Аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, бисёре аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико, борҳо ба Киев силоҳ фиристодаанд.
Ба наздикӣ расонаҳо дар бораи нақшаҳои Вашингтон дар бораи таъмини Украина бо системаҳои мушакии чандкаратаи HIMARS ва инчунин чаҳор РСЗО-и иловагӣ хабар доданд.
Путин: ИМА худро фиристодаи Худо медонад
Ба гуфтаи Пентагон, то 1 июн Иёлоти Муттаҳида ба Киев беш аз 4,5 миллиард доллар кумаки низомӣ додааст.
Кашидани силоҳ ба Украина хилофи уҳдадориҳои Иттиҳоди Аврупо аст, ки онро ба нуқтаҳои муноқиша ё ба ҷойҳое интиқол додан мумкин нест, ки онҳо бар зидди мардуми осоишта истифода мешаванд, ёдовар шуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Вазорат афзуд, Русия интиқоли силоҳҳои ғарбиро ҳадафи қонунии худ медонад.