Толибон: Агар худатонро бо ислом баробар накунед, аз кор озод мешавед

Як корманди Идораи амр ба маъруфи толибон ба кормандони давлатӣ дар Бомиён дастур додаанд, ки "худро бо ислом баробар" кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Як маъмури Идораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон дар Бомиён ба кормандони яке аз идороти давлатӣ дар ин вилоят гуфтааст, ки худашонро бо "ислому дин баробар кунанд", иттилоъ медиҳад Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои дохилӣ.
Дар як паёми савтӣ, ки аз ин маъмури толибон дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифтааст, ӯ ба кормандони идороти давлатӣ ҳушдор медиҳад, агар худашонро бо ислом баробар накунанд, аз корашон озод хоҳанд шуд.
Ӯ мегӯяд: "Ба кормандон ҳамин тавсияро мекунем, ки кӯшиш кунанд, худашонро бо ислому дин баробар кунанд, агарчи баробар ҳастанд. Агар накунанд, шояд охирин тасмим гирифта шавад, ки аз кор озод шаванд".
Омодагии Шӯрои олии муқовимати Афғонистон барои гуфтугӯ бо толибҳо
Ин маъмури Идораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар хитоб ба ҳозирин мегӯяд, ки баъд аз имону амали солеҳ кӯшиш кунанд, ки "ҳақ ҳоким шавад".
Ин мақоми толиб дар бахше аз изҳороти худ мегӯяд, ҳадаф аз эҷоди амр ба маъруф инаст, ки идорот фосид нашаванд.
Ӯ мегӯяд, як ҳафта агар дар рустое амр ба маъруф нашавад, ин русто "хароб мешавад".
Ба бовари ӯ дар ҳар хона, ҳар дафтар ва ҳар раёсате, ки амр ба маъруф набошад, дар он ҷо фасод пайдо мешавад.
Амр ба маъруфи толибон дар ҳоли ҳозир занонро ба риояти ҳиҷоб тавсия мекунанду ба мардон низ мегӯянд, ришашонро натарошанд ва салла ё лунгӣ банданд.