ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Се варзишгари тоҷик - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Амирҷони Насимҷон Тоҷикистонро дар "Ulaanbaatar Grand Slam 2022" намояндагӣ мекунанд.
Бар хабари Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ин мусобиқа 24-26 июн баргузор мегардад. Чорабинии мазкур аввалин мусобиқаи системаи интихобии Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад.
Гуфта мешавад дар "Ulaanbaatar Grand Slam 2022" ҷамъан 270 варзишгар аз 30 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.
Федератсияи Ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, "чун анъана қувваозмоиҳо давоми се рӯз доир мегарданд ва Сомону Беҳрӯз дар рӯзи дуюм ва Амирҷони Насимҷон дар рӯзи охирон гуштин мегиранд.
Бояд гуфт, ба ғолибон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ дода мешавад. Аз ҷумла барои ғолибони ҷойи аввал дар ҳар вазн панҷ ҳазор евро, барои ҷойи дуюм се ҳазор ва ҷойи саввум якуним ҳазор евро дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар панҷ мусобиқаи гузаштаи соли равон се медал ба даст овардаанд: Комроншоҳ Устопириён (-90кг) моҳи январ дар Гран Прии Португал, Темур Раҳимов моҳи феврал дар Гранд Слами Тел Авив ва моҳи апрел дар Гранд Слами Анталия медали биринҷӣ ба даст оварданд.