Комилов аз Ҳаққонӣ чӣ хост? Тафсилоти музокироти мақомдорони ӯзбек бо толибҳо

Мақомдорони ӯзбек таҳти роҳбарии Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии собиқ ва ноиби феълии дабири Шӯрои амнияти Ӯзбекистон дар Афғонистон қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилии ҳукумати толибҳо ба мақомдорони Ӯзбекистон таъмини амнияти комили тарҳҳоро дар қаламрави Афғонистон кафолат додаст.
Ба иттилои Sputnik Афғонистон, Абдулазиз Комилов, ноиби дабири Шӯрои амнияти Ӯзбекистон ва фиристодаи вижаи ин кишвар Исматулло Иргашев бо Ҳаққонӣ масоили амниятиро баррасӣ намуданд.
Ҳайати Ӯзбекистон махсусан аз толибҳо даъват кардааст, ки ба таъмини амнияти тарҳи роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар таваҷҷуҳ диҳанд, ки ба суди кишварҳои минтақа ва махсусан Афғонистон арзёбӣ мешавад.
Ҷониби толибҳо ба мақомдорони ӯзбек итминон додааст, ки амнияти тамоми тарҳҳо ва махсусан лоиҳаҳо бо иштироки Ӯзбекистон таҳти назорати вижа қарор доранд.
Дар зимн Абдулғанӣ Бародар, ноиби сарвазири ҳукумати толибҳо хабар додаст, ки ҷониби Ӯзбекистон хостори оғози амалии тарҳҳо, аз ҷумла дар бахши роҳи оҳану таъминоти нерӯ гардиданд.
Афғонистон омодааст, ба Русия меваи хушк ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот кунад
Ин дар ҳолест, ки ахиран Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё аз лоиҳаи роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар тавсиф кард, ки дарвоза ба Осиёи Ҷанубӣ ва бозори калон хоҳад шуд.
Вай гуфт, роҳи оҳани мазкур аз тариқи Афғонистон кишварҳоро ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, ки дорои аҳолии беш аз 2-миллиарднафарӣ мебошад, мепайвандад.
Бар асоси ин барномаи роҳи оҳани Афғонистон, хатти роҳи оҳани "Транс афғон" аз Мазори Шариф, Самангон, Пули Хумрӣ, Кобул, Лугар ва Ҷалолобод гузашта, дар ниҳоят ба Покистон мерасад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли равон низ дар шаҳри Тирмиз нишасти гурӯҳҳои Ӯзбекистон - Афғонистон - Покистон баргузор шуд, ки дар он ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мақомоти Афғонистон бар ин назаранд, ки хатти роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул – Пешовар метавонад тарҳи таъсиргузоре барои ояндаи минтақа бошад.