ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҳушдор додааст, ки гармшавии ҳаво ва зери офтобу ҷойҳои номувофиқ гузоштани маҳсулот ба вайроншавии онҳо оварда мерасонад ва ба саломатии инсон хатар дорад.
“Табибон зиёд шудани бемории дарунравиро пеш аз ҳама ба риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ ва истеъмоли маҳсулоти кишоварзии вайроншуда рабт медиҳанд. Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, ҳамасола дар фасли гармо муроҷиати сокинон роҷеъ ба сироятёбии мавсимӣ бештар мегардад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Мақомоти Хуҷанд зикр намудааст, ки ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдои шаҳр даҳҳо тонна маҳсулоти ширию гӯштӣ ва меваю сабзавот ба фурӯш бароварда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯяд бархе аз соҳибкорон бо истифода аз имконот ва имтиёзот истифода намуда, молҳои пастсифатро ба фурӯш мегузоранд, ки боиси нигаронии мақомот шудааст.
“Масъулин бояд ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдо бо баргузор намудани чорабиниҳои назоратӣ ба сифати маҳсулоти маводи хӯрока эътибори ҷиддӣ диҳанд”, - таъкид Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд.
Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд хоҳиш ва даъват кардааст, ки дар сурати ба чашм расидани маҳсулоти пастсифат ва баъди истеъмоли он гирифтор шудан ба бемориҳои гуногуни сироятӣ ба телефони боварӣ муроҷиат намоянд.
Ин манбаъ ҳамчунин ёдрас шудааст, ки бо фарорасии фасли тобистон авҷи бемориҳои сироятӣ ба мисли бемориҳои домана, исҳоли хунин, вағайраҳо низ ба чашм мерасад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, сабаби хуруҷи бемориҳои дарунравӣ он аст, ки бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафилакокҳо, стрептококҳо, диплакокҳои дар гирду атроф буда, ба организми одамон ворид шуда, зарари худро мерасонанд ва ба бемориҳои шадиди меъдаю рӯда шахсро мубтало мекунанд.