Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати дифоъ нишон дод, ки табибони низомии Русия дар Донбасс чӣ гуна кор мекунанд

Пизишкони қувваҳои мусаллаҳи Русия дар Донбасс ба хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар амалиёти вижа ҷароҳатдор мешаванд, кумак мерасонанд
Sputnik
Вазорати дифоъ рӯзи якшанбе видеоеро нашр кард, ки чӣ гуна табибони низомӣ ба аҳолии ҶМЛ ва хизматчиёни ҳарбӣ кӯмак мекунанд.
Дар наворҳо интиқоли захмиён бо чархбол ба бемористон, омодагии пизишкони низомӣ ба кор, расондани кумакҳои гуногуни тиббӣ ба низомиён ва ғайринизомиён дида мешавад.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Расонаҳо: фармондеҳи баталиони "Айдар" ва чанд тан аз ҷангҷӯёни украинӣ таслим шуданд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.