ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Яке аз фармондеҳони баталиони миллатгароёни украинии "Айдар" ҳангоми тасарруфи рустои Метелкино дар канори Северодонетск дастгир шуд, хабар додааст як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба РИА "Новости".
"Ҳангоми поксозии Метелкино чанд тан аз ҷангҷӯёни украинӣ, аз ҷумла яке аз фармондеҳони баталиони "Айдар", таслим шуданд. Ҳоло маълум мешавад, ки ӯ то чӣ андоза баландмақом аст", - гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.
Илова бар ин, ду асири украиниро аз шаҳри ҳамсояи Северодонетски Рубижне ба Луганск фиристода шуданд. Феълан дар деҳаи Сиротино, ки дар ҳамсоягии Мелеткино қарор дорад, задухӯрд идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи шанбе ба мавқеъҳои ҷангҷӯён дар ин русто Русия чанд мушак партоб кард, ки дар натиҷа ба нерӯҳои ҶМЛ имкон дода шуд, то амалиёти ҳамларо густариш диҳанд.
Қаблан Рамзан Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон гуфта буд, ки воҳидҳои вижаи "АХМАТ" ҳамроҳ бо корпуси дуввуми милитсияи мардумии ҶМЛ деҳаи Метелкиноро озод карданд. Вай тавзеҳ дод, ки дар набардҳо барои деҳа ҷониби Украина дар як ҳафтаи гузашта аз 600 то 700 ҷангии худро талаф дод.
Дар аснои озодкунии Северодонетск артиши Русия ва нерӯҳои муттаҳидаи ҶМЛ дар ҳудуди корхонаи “Азот” пеши ҷангҷӯёни баталионҳои миллатгароёни украиниро боздоштанд. Мубориза барои шахр аз аввали мохи май давом дорад.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.