ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вашингтон наметавонад Маскавро аз ҳаққи овоз додан дар умури байналмилалӣ маҳрум кунад илова бар ин маҷбур созад, ки қоидаҳои баровардаи Амрикоро риоя кунад.
Ин ҳарфҳоро вазири умури хориҷии русия, Сергей Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 1" изҳор дошт.
"Онҳо саъй доранд, чизеро, ки кайҳо эълон намуданд, ба даст оранд. Яъне Русия бояд ҷояшро донад, Русия ҳаққи овози худро дар умури байналмилалӣ надорад, Русия бояд қоидаҳоеро, ки Иёлоти Муттаҳида эҷод кардааст, риоя кунад. Ман фикр мекунам, ки онҳо аллакай дарк карданд, ки муваффақ намешаванд", - афзудааст дипломати рус.
Қаблан, кишвардори Русия Влаимир Путин зимни ҳамоиши байналмилалии Санкт-Петербург гуфта буд, ки ИМА дар пайи пирӯзӣ дар ҷанги сард худро фиристодаи Худо эълон карду манфиатҳояшро муқаддас медонад.
Путин афзуд, тайи даҳсолаҳои ахир давлатҳои дар ҳоли рушди сареъ зуҳур карданд ва манофеи онҳо набояд сарфи назар шавад.
"Чун пештара вазъ дигар нахоҳад буд, марҳилаи ҷаҳони якқутбӣ поён ёфт", - таъкид намуд раисҷумҳури Русия.
Ӯ ҳамчунин Ғарбро ба халалдор кардани арзишҳои байналмилалӣ муттаҳам карда буд.