Имрон Хон дар истеъфои иҷбории худ Ҳукумати Амрикоро муттаҳам кард

Имрон Хон ба расонаҳо гуфт, ки пушти истеъфои маҷбурии ӯ аз мақоми нахуствазири Покистон кӣ истода буд. Ӯ дар моҳи апрели имсол истеъфо дода буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон ва раиси ҳизби Таҳрики Инсоф (Ҷунбиши адолат) гуфт, дар барканории ӯ аз мақоми нахуствазирӣ ҳукумати Амрико даст дорад.
Ӯ дар моҳи апрели соли 2022 пас аз тасвиби раъйи нобоварии парлумони Покистон ба ӯ маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад. Қаблан, рӯзи 24 феврал вай бо як сафари расмӣ вориди Маскав шуд.
Собиқ нахуствазири Покистон дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии Sunday Times гуфт, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу гӯё ӯро аз хатари сарнагунии ногузир дар пешорӯи раъйдиҳии эътимод ҳушдор додааст.
Имрон Хон бо истинод ба ҳарфҳои Лу таъкид намуд, ки ҳукумати Амрико қасд дошт, ки дар сурати барканор нашудани ӯ ба Покистон фишор оварад.
Ҳазорон ҷонибдори Имрон Хон ба кӯчаҳо рехт - видео
Сиёсатмадор ҳамчунин мӯътақид аст, ки ҳаҷми ришва барои овоздиҳӣ алайҳи ӯ 1 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳамзамон, сарвазири собиқ гуфт, ки вай матни телеграммаро фавран нашр накардааст, зеро гӯё ин кор ба душманони Покистон имкон медод, то рамзи муайянеро, ки тавассути он интиқол дода шудааст, боз кунанд.
Рӯзи 26 май нахуствазири барканоршуда ба ҳукумати Покистон шарт гузошт. Вай талаб кард, ки дар давоми шаш рӯз порлумон пароканда ва интихоботи пеш аз муҳлат таъин карда шавад. Пас аз барканории Имрон хон, Шаҳбоз Шариф интихоб шуд, ки рақибаш аз ӯ "ғуломи Амрико" ном бурд.