Фармони президент барои таъйини раиси ВМКБ

Аз аввали моҳи ноябри соли гузашта Мирзонабот Алишер Худобердӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони таъйини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро имзо кардааст.
Бар асоси фармон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки тайи 7 моҳи охир иҷрокунандаи вазифа буд, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардидаст. Дар мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз моҳи ноябри соли гузашта фаъолият дорад.
Ӯ дар мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзовро иваз намуда буд.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, ки дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ нашр кардаст, Мирзонабот Алишер Худобердӣ, зодаи соли 1980, хатмкардаи мактаби рақами 4-и ноҳияи Рӯшон дар соли 1997 мебошад, ки баъди хатми мактаб дар сафи қӯшунҳои сарҳадӣ хидмат кардааст.
Аз соли 1998 то 2000-ум дар қисми низомии 2730, воқеъ дар шаҳри Душанбе хидмат карда, баъди анҷом хидмати ҳарбӣ, соли 2000-ум ҳамчун курсант ба Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дохил шудааст.
Поёни амалиётҳо: мақомот гуфтанд, дар ВМКБ фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ пурра қатъ шуд
Ӯ Донишкадаи ҳарбии Қазоқистонро соли 2003 хатм карда, аз моҳи марти соли 2003 ба ҳайси муовини сардори Ситоди қисми қарбии 2107-и қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб ба фаъолият оғоз кардааст. Моҳи январи соли 2004 ба вазифаи сардори Ситоди қисми ҳарбии номбурда таъйин шуда, то моҳи августи соли 2005 дар ин вазифа хидмат намудааст.
То соли 2017 дар мақомҳои гуногун дар нерӯҳои сарҳадӣ кор карда, аз моҳи сентябри он сол то моҳи сентябри соли 2018 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият доштаст. Сипас моҳи сентябри соли 2018, ба мақоми ноиби якуми раиси ВМКБ таъйин шудааст.
Моҳи ноябр соли 2020 раиси шаҳри Хоруғ таъйин шуд ва бо фармони раисҷумҳур аз 5 ноябри соли 2021 мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ-ро ба уҳда дошт.
Таъкид шудаст, ки Алишер Мирзонабот оиладор, падари чор фарзанди ноболиғ ва дорои рутбаи ҳарбии генерал-майор мебошад.