ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Фаъолияти гурӯҳҳои созмонёфтаи террористӣ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон комилан қатъ шудааст.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба Ситоди байниидоравии амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад.
"Дар натиҷаи корҳои муассир ва ҳадафмандона дар ВМКБ фаъолияти ғайриқонунӣ ва зиддидавлатии сарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Хоруғ, Роштқала ва Рӯшон комилан қатъ карда шуд", — омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон зикр мегардад, ки зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар тамос бо сокинон ҳамаи 12 саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Сардорони гуруҳҳои мусаллаҳ безарар гардонда шуданд.
Бино ба иттилоъи ситод, дар маҷмӯъ, дар ҷараёни амалиёти вижа 220 нафар боздошт шуда, алайҳи 53 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 16 нафаре, ки муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд, безарар гардонида шуданд.
Ҳамин тариқ, дар давоми як моҳи ахири фаъолияти ситод дар ВМКБ аз даҳ гурӯҳи ҷиноятпешаи террористӣ 16 пулемёти Калашников, 114 автомати Калашников, 4 автомати снайперӣ (СВД), 28 таппончаи Макаров, 1 таппончаи ТТ, 2 таппончаи травматикй, 9 гранатомёт, 101 гранатомёт бо 6 заряд, 200 килограмм афюн ва гайра мусодира карда шуд.
Ҳамзамон зимни амалиёт дастгоҳҳои мухобиротӣ, воситаҳои таркандаи гуногун, силоҳҳои шикорӣ, тиру мина ва дигар муҳимот мусодира шудаас.
Илова бар ин, пойгоҳи ҷиноятӣ-молиявии гурӯҳи муташаккил комилан барҳам дода шуда, аз аъзо ва раҳбарон он 39 адад автомашинаҳои гуногун, аз қабили Nissan, Lexus, Range Rover, Toyota Camry, Mercedes, BMW ва дигар мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ мусодира карда шуданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки рӯзи 11-уми июн дар ВМКБ се нафари муттаҳам ба аъмоли ҷиноӣ боздошт шудаанд.
Ҳамчунин, 5 узви гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва террористӣ маҳв карда шуданд.
Рӯзи 12 июн дар Хоруғ як амалиёти вижаи дигар баргузор шуд. Дар натиҷа ду нафари муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи муташаккили ҷиноии террористӣ маҳв карда шуданд.
Ин афрод дар даст доштан дар як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин – терроризм, куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа, гаравгонгирӣ гумонбар дониста шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 18 майи соли 2022 дар маркази ноҳияи Рӯшони ВМКБ гурӯҳҳои мусаллаҳи террористон бо истифода аз аслиҳа, муҳимот ва маводи тарканда ба корвони воҳиди зиддитеррористии КДАМ "Алфа" ҳамла карданд. Як афсар кушта, 13 сарбоз захмӣ шуда буд.