Хадамоти махсуси Ӯзбекистон нақбҳои қочоқбарӣ ба кишвари ҳамсояро кашф кардааст

Кормандони интизомии Ӯзбекистон нақбҳое пайдо карданд, ки тавассути онҳо ба Қирғизистони ҳамсоя аз ин кишвар асъор интиқол дода мешуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон якбора ду нақби қочоқи пули нақд ба Қирғизистонро кашф карданд.
Дар ин бора маркази иттилоотии Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар хабар медиҳад.
Хадамоти махсус содироти ғайриқонунии беш аз 1,6 миллион долларро кашф карданд, афзудааст манбаъ.

"Кормандони ХАД дар вилоятҳои Андиҷон ва Намангон аз фаъолияти ғайриқонунии ҳашт нафаре, ки дар қаламрави наздисарҳадӣ аз Ӯзбекистон ба Қирғизистон нақб мекананд, ҷилавгирӣ карданд", — омадааст дар хабарномаи ХАД.

Ин афрод ҳангоми интиқоли ғайриқонунии 1 миллиону 161 ҳазор доллар аз Ӯзбекистон ба Қирғизистон боздошт шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии яке аз аъзои гурӯҳи ҷиноӣ, сокини 32-солаи ноҳияи Қӯрғонтеппаи вилояти Андиҷон гузаргоҳи зеризаминии паҳнояш 1 метри мураббаъ ва дарозиаш 150 метр ошкор шуд, ки ба ҳудуди Қирғизистон мебарад.
Дар ҷараёни тафтишот боз як нақби зеризаминии дарозиаш 420 метр ошкор шуд, ки дар саҳни ҳавлии як узви дигари гурӯҳ ҷойгир буд, хабар медиҳад ин ниҳод.
Дар ин нақ аробае ёфт шуд, ки бо барқ дар рӯйи роҳи оҳанӣ ҳаракат мекунад.
Боздошти ду зан барои кӯшиши интиқоли садҳо ҳазор доллар ба Тоҷикистон
"Хадамоти амнияти давлатӣ муайян кард, ки раҳбарии ин гурӯҳи ҷиноиро як зодаи 48-солаи Қирғизистон ба уҳда дошт", - афзуд манбаъ.
Мақомоти интизомии Ӯзбекистон пайваста аз боздошти гурӯҳи бузурги қочоқи асъори хориҷӣ хабар медиҳанд.
Ҳамин тариқ моҳи июни соли ҷорӣ ин ниҳод ду занро боздошт кард, ки мехостанд ба таври ғайриқонунӣ 356 ҳазор долларро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.
Ба гуфтаи коршиносон ва намояндагони хадамоти вижаи ҷумҳурӣ, озодсозии низоми асъор дар Ӯзбекистон фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноиро дар муомилоти ғайриқонунии пул бештар кардааст.