"Суғд-2022": тоҷирон дар ярмаркаи Хуҷанд чӣ намоиш доданд - видео

Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон бори ҳаштум баргузор мешавад. Ҳадафи асосии он дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад
Sputnik
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии "Суғд-2022" ҷараён дорад. Барои чорабинӣ ду рӯз ҷудо шудааст, ярмарка-намоиш рӯзи 18 июн баста мешавад.
Деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба вилояти Суғд омада, ҳосили фаровони меваю сабзавоти Тоҷикистонро намоиш доданд.
Савдои гарм: гузориши тасвирӣ аз Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022"
Дар ин чо дар баробари туҳфаҳои сарзамини тоҷикон технологияи истеҳсоли худӣ низ, намоиш дода шуд.
Тайи ду рӯз дар шаҳри Хуҷанд миёни соҳибкорони тоҷику хориҷӣ созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ имзо шуд.
Масалан, Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон гуфт, корхонаҳои нави Тоҷикистон аз вилояти Суғд ба бозори Русия роҳ меёбанд.
Умеди Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русия
Дар доираи ярмарка барои соҳибкорон, форуми “Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” баргузор гардид.