Суханронии Путин дар форуми иқтисодии Санкт-Петербург - видео

Президенти Русия дар 25-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, ки аз 15 то 18 июн баргузор мешавад, дар бораи дастовардҳои иқтисодии ин кишвар мегӯяд
Sputnik
Кишвардор дар ҷаласаи умумӣ авзоъи кунунии ҷаҳонро арзёбӣ мекунад.
Пасон, раҳбари Федератсияи Русия ба суолҳои иштирокдорони ҷаласа посух дода, як қатор мулоқоти корӣ, аз ҷумла бо ҳамкасбони худ аз Арманистон ва Қазоқистон баргузор мекунад.
Сипас президент бо раҳбарияти расонаҳои хабарии Русия ва хориҷӣ суҳбат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 25-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 15 то 18 июн дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Аз роботи яхмосфурӯш то чойнӯшӣ зери гумбазҳо: аксҳои ҳайратангез аз форуми Петербург
Дар ин ҳамоиш намояндагони 120 давлату қаламрав, аз ҷумла Русия ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин аз ин ҳамоиш беш аз 2700 нафар намояндагони тиҷорат дидан хоҳанд кард, ки беш аз 1000 нафари онҳоро роҳбарони ширкатҳо намояндагӣ мекунанд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ дастгирии муколамаи созандаест, ки ба барқарории ҳамдигарфаҳмӣ ва фароҳам овардани замина барои қабули қарорҳо ва амалҳои муштарак нигаронида шудааст.