ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ҳама вазифаҳои амалиёти вижа дар Украина ҳал хоҳанд шуд, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.
"Тамоми вазифаҳои амалиёти махсус ҳал карда мешаванд ва мардонагӣ ва қаҳрамонии сарбозони мо калиди ин хоҳад буд", - гуфт президент.
Ба ақидаи ӯ, муттаҳидшавии ҷомеаи Русия ба артиши Русия нерӯ мебахшад.
Раисиҷумҳур ҳамчунин қайд кард, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина тасмими як кишвари соҳибистиқлол аст, ки бар асоси ҳуқуқи дифоъ аз амнияти худ асос ёфтааст.
Путин таъкид кард, ки амалиёти вижа дар Украина зарур аст.
"Дар шароити кунунӣ, дар пасманзари афзоиши хатарҳо ва таҳдидҳо, тасмими Русия дар бораи баргузории амалиёти вижаи низомӣ маҷбурӣ, душвор ва зарур буд", - таъкид дошт роҳбари Русия.
Ҳамзамон вай қайд кард, ки Ғарб ба интиқоли силоҳ ба Украина идома медиҳад ва аз парвариши русбадбинӣ пушаймон нест.