Патрушев: НАТО василаи сиёсии як кишвар аст

Раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, ки НАТО василаи сиёсии маҳз як кишвар аст ва вазъи байналмилалӣ мушкили имрӯзаро боз ҳам душвор месозад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ахиран Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, НАТО ҳоло василаи сиёсати хориҷии як кишвари мушаххас аст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Воқеъан НАТО ҳамчун василаи сиёсии як кишвар истифода мешавад. Ин кор ба таври хушунатомез сурат мегирад ва вазъи амнияти байналмилаии мушкили имрӯзаро шадидтар месозад”, - гуфт ӯ дар гуфтугӯ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СПАД дар Ереван.
Аммо дар ин суханрониаш оқои Патрушев мушаххас накард, ки сухан дар бораи кадом кишвар меравад, ки НАТО-ро ҳамчун василаи сиёсӣ истифода мебарад.
Лавровро мехостанд бидузданд? Тафсилоти ҳайратангези нақшаи НАТО
Бояд гуфт, ки мақомоти Русия борҳо дар бораи густариши мавқеъи НАТо дар саросари кишварҳои пасошӯравӣ изҳори норозигӣ баён карда буд ва гуфт, ин иқдом ба амнияти Русия таҳдид мекунад.
НАТО - Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, — иттиҳоди ҳарбию сиёсӣ мебошад.
Санаи 4 апрели 1949 дар Вашингтон бар асоси муоҳидаи 12 давлат - ИМА, Бритониё, Фаронса, Белгия, Дания, Исландия, Итолиё, Люксембург, Канада, Нидерландия, Норвегия, Португалия таъсис ёфта буд.
Дар он мавқеи пешбарро ИМА ишғол менамояд. Қароргоҳаш дар шаҳри Брюссел ҷойгир аст.