ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Амалиёти Туркия дар шимоли Сурия метавонад курдҳоро ба талоши соҳиби давлат шудан тела диҳад, гуфт Александр Лаврентев, намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Сурия дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
"Мо ба ҳамкасбони туркии худ гуфтем, ки ин метавонад боиси афзоиши эҳсоси ҷудоихоҳӣ дар миёни курдҳо ва ташвиқи онҳо ба давлатдорӣ шавад, ки ин ба нафъи на Сурия, на Туркия, на Эрон ва на Ироқ нест", - изҳор дошт Лаврентев.
Ӯ гуфт, ҳайати Русия дар музокирот дар Нур-Султон ҳама корро кард, то Туркияро аз оқибатҳои нохуб мутақоид созад.
Вай афзуд, Маскав талош дорад курдҳоро ба созиш бо Димишқ ва муттаҳид созад, ки аз рушди манфии вазъ дар Сурия ҷилавгирӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кард, ки Туркия музокира бо курдҳои Сурияро ғайриимкон медонад ва аз ин рӯ дар муколама бо онҳо ширкат намекунад.
"Аз ҷониби худ мо кӯшиш мекунем, ки курдҳоро ба тамос, густариши равобит бо Димишқ, пайдо кардани роҳҳои созиш ва ба созиш расидан дар мавриди барқарории ваҳдати Сурия, аз ҷумла Нерӯҳои демократии Сурия дар артиши миллӣ мутақоид созем", - илова намуд Лаврентов.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки раисиҷумҳури Туркия Тайиб Эрдуғон аз анҷоми ин амалиёт худдорӣ мекунад ва ҳушдор додааст, ки дар акси ҳол он метавонад ба як даргирии мустақим миёни артиши ҳукумати Сурия ва нерӯҳои Туркия бирасад.
Лаврентиев ҳушдор дод, ки амалиёти Туркия барои худи Анқара таҳдид хоҳад кард, зеро дар чунин сенария Ҳизби Коргарии Курдистон ва Нерӯҳои демократии Сурия аз байн нахоҳанд рафт.
Қаблан Эрдуғон дар бораи амалиёти зиддитеррористӣ дар марзҳои кишвар хабар дода буд, ки ба зудӣ дар ин бора тасмим гирифта мешавад.