ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Як мақомдори аршади аврупоӣ бар рӯзноманигорон дар Брюссел гуфт, дар сурати қатъи амалиёти вижаи Русия дар Украина ва аз байн бурдани таҳдидҳо ба амнияти ин кишвар таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия лағв хоҳанд шуд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Дар ҳоли шиддат гирифтани вазъ дар Донбасс дар нимаи моҳи феврал аз ин минтақа бурунории густурдаи мардуми осоишта оғоз шуд. Русия истиқлоли ҶМД ва ҶМЛ-ро ба расмият шинохт, баъдан дар Украина амалиёти вижаи низомӣ барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии ин кишвар оғоз шуд.
Ҳамзамон мақомоти Русия ҳадафи амалиётро ҳифзи шаҳрвандон ва озодсозии Донбасс унвон карданд.
"Агар таҷовуз қатъ шавад, ҳамчунин тамоми техникаи низомӣ ва низомиён аз ин кишвар берун оварда шаванду соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ комилан эҳтиром карда шавад, инчунин агар талошҳои эҷоди як воқеияти нав дар Донбасс аз нуқтаи назари сиёсӣ комилан қатъ гардад, эҳтимоли лағви таҳримҳо вуҷуд дорад. Вале агар тамоми амалҳо мухолифи амнияти Украина, Иттиҳодияи Аврупо ва дар маҷмуъ Аврупо ҳастанд, дар ин сурат таҳримҳо лағв нахоҳанд шуд”, - гуфт манбаъ дар Иттиҳодияи Аврупо.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.