Густараи эътибори корти “Мир” дар сатҳи байналмилалӣ тавсеа меёбад

Раисҷумҳури Русия дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Петербург гуфт, ки эътибори корти “Мир” дар сатҳи байналмилалӣ тавсеа меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар ин ҳамоиш гуфт, корти "Мир" қадам ба қадам дар хориҷ аз кишвар эътибор пайдо мекунад.
"Мехоҳам аз фаъолияти низоми пардохти корти "Мир" ёдрас шавам, ки дар бозори дохилӣ муваффақ шудааст ва ҷойи низоми VISA ва Master Card-ро гирифт ва ҳоло ҷуғрофиёи фаъолияти худро тавсеа медиҳад ва тадриҷан эътирофи байнулмилалӣ пайдо мекунад", гуфт Владимир Путин дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.
Ёдовар мешавем, ки 25-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 15 то 18 июн дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Путин гуфт, ҳамаи вазифаҳои амалиёти вижа дар Украина ҳал хоҳанд шуд
Дар ин ҳамоиш намояндагони 120 давлату қаламрав, аз ҷумла Русия ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин аз ин ҳамоиш беш аз 2700 нафар намояндагони тиҷорат дидан хоҳанд кард, ки беш аз 1000 нафари онҳоро роҳбарони ширкатҳо намояндагӣ мекунанд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ дастгирии муколамаи созандаест, ки ба барқарории ҳамдигарфаҳмӣ ва фароҳам овардани замина барои қабули қарорҳо ва амалҳои муштарак нигаронида шудааст.