ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Мақомот миқдори махсусан калони силоҳу лавозимоти ҷангиеро аз гуруҳи муташаккили ҷиноии маҳаллаи Тирчид дар Бадахшон ошкор кардаанд.
Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии кишвар дар ВМКБ қаблан дар доираи як амалиёт Ҷ.М. аъзои фаъоли гурӯҳи муташаккили ҷиноятии М.Х.бо як адад норинҷаки дастии Ф-1 дастгир гардида буд.
Дар пайи бозпурсиҳо боздоштшуда макони пинҳоннамудаи силоҳу аслиҳа ва лавозимоти ҷангии гуруҳи муташаккили ҷиноии М.Х бо тахаллуси ҷиноии “Синийглаз”-ро гуфтааст.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда ва дигар ҳаммаслаконаш ба хотири халосӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ миқдори калони муҳиммоти ҷангиро дар дохили ҳоҷатхонаи бинои 22-и кӯчаи Ҷомии маҳаллаи Тирчид, маъруф ба УПД пинҳон намудаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, аз ин маконҳо 5 адад автомати “Калашников”, 1 адад пулемёти “Калашников”, 1 адад пулемёти дастии “Калашников”, 1 адад гулулаи РПГ, 3 адад норинҷаки дастии РПГ-17, 2 адад запали норинҷак, 1161 адад тирҳои қутрашон гуногун, 21 адад тирдони автомати “Калашников”, 1 адад дурбини шабона,1 адад дастчуби резинӣ, 1 адад мавҷқабулкунаки радиоӣ бо 4 батарея, 10 адад камзули ҳарбӣ, 1 адад ноқили таркишгарӣ ёфт шуд.
Гуфта мешавад, ҳоло алайҳи Ҷ.Н тибқи талаботи моддаи 195 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ оид ба муайян намудани дигар ҷиноятҳои қаблан содирнамудаи Ҷоншоев Нуралишо идома дорад.