ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дастаи яккачини Тоҷикистон оид ба куштӣ барои ширкат дар як мусобиқаи бонуфуз ба пойтахти Қирғизистон рафт.
Дар ин ҷо Қаҳрамонии Осиё оид ба куштӣ баргузор мешавад. Мусобиқа рӯзҳои 19-26 июн дар Бишкек ҳамзамон дар ду категорияи синну сол баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, аввалин маротиба аст, ки қувваозмоиҳо дар ду категорияи синну сол дар як вақт доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафар карданд.

Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола 19-22 июн ва миёни ҷавонони то 23-сола 23-26 июн баргузор мешавад.
Ҳамин тариқ кишварро аз куштии юнонӣ-римӣ Нодир Турсунзода, ,Ҳусейн Ҳасанов, Суннат Абдуллоев, Ансор Раҳматзода, Акрами Ҷаҳонгир, Асламҷон Азизов, Ҳабибҷон Зуҳуров намояндагӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ кишварро аз куштии юнонӣ-римӣ Нодир Турсунзода, ,Ҳусейн Ҳасанов, Суннат Абдуллоев, Ансор Раҳматзода, Акрами Ҷаҳонгир, Асламҷон Азизов, Ҳабибҷон Зуҳуров намояндагӣ мекунанд.
Аз куштии тарзи озод бошад, Н. Раҳимзода, Муҳаммадфотеҳ Олимов, Муҳаммадамин Абдуллоев, ҳамчунин миёни ҷавонон Мустофа Аҳмадов, Саидасан Ашрафхонов, Сомон Икромов, Файз Файззода намояндагӣ мекунанд.