ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Аксари муштариёни аврупоии "Газпром" ба пардохти пули гази Русия бо рубл гузаштанд.
Дар ин бора Александр Новак, муовини нахуствазири Русия дар ҷараёни Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург изҳор дошт.
"Бале, бештари он, агар аз ҳисоби истеъмоли умумӣ гирифта шавад. Ин тақрибан 90-95% аз рӯи ҳаҷм аст", - таъкид кард ӯ.
Дар посух ба ин суол, ки оё Маҷористон метавонад ба як маркази гази Русия табдил ёбад, Новак қайд кард, ки бисёр чиз аз шартномаҳои имзошуда бо ин ширкат вобаста аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23 март раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи пардохт барои интиқоли газ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар давлатҳое, ки алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд, ба рубл хабар дод.
Раҳбари Русия барои даст кашидан аз истифодаи доллар ва евро чораҳои шадид андешид.
Фармони дахлдорро кишвардор рӯзи 31 март имзо кард. Вай эълом дошт, ки Русия дар сурати з 1 апрел бо рубл пардохт накардани ҳаққи гази русӣ, уҳдадориҳои қарордодҳо аз ҷониби кишварҳои бегонаро ҳамчун иҷронашуда, баррасӣ хоҳад кард.
Дар навбати худ сухангӯи Кремл Дмитрий Песков хусусиятҳои чунин низоми пардохтро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои ғарбӣ газро аз Русия бо евро мехаранд, ки он бо рубл иваз мешавад.
Ба далели сарпечӣ аз иҷрои ин талабот, ширкати русии "Газпром" интиқоли маводи сӯхт ба Финландия, Лаҳистон ва Булғористонро қатъ кард.