ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бояд дарк кунад, ки мубориза бо Русия аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ бефоида аст ва кӯшишҳои "бо таҳримҳо бӯғӣ кардан" ба нокомӣ маҳкум шудаанд. Дар ин бора Дмитрий Песков, котиби матбуотии раҳбари Русия дар мусоҳиба бо РИА "Новости" гуфт.
"Эҳтимол ҳоло бояд Иёлоти Муттаҳида бифаҳмад, ки бо мо аз ҷиҳати иқтисодӣ, дипломатӣ ва сиёсӣ мубориза бурдан беҳуда аст. Кӯшиши моро бо маҳдудиятҳо ва таҳримҳои гуногун буғ кардан низ як талошест, ки ба нокомӣ дучор мешавад", - гуфт ӯ.
Ӯ гуфт, ки ҳоло Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар як нуқтаи хеле доғи рӯёрӯӣ қарор доранд.
"Ҳоло мо дар як нуқтаи хеле гарми муқовимат қарор дорем", - гуфт ӯ.
Ба таъкиди ӯ, Русия ва Иёлоти Муттаҳида бояд назорати силоҳ, халъи силоҳ ва паҳн накардани силоҳро баррасӣ кунанд, аммо на ҳоло.
"Дарке вуҷуд дорад ва соҳаҳое ҳастанд, ки бо ин ё он роҳ бояд муҳокима карда шаванд. Инҳо соҳаҳои назорати силоҳ ва минтақаҳои халъи силоҳ, мавзӯи паҳн накардани силоҳ мебошанд. Ин чизест, ки ду кишвари мо бояд баррасӣ кунанд, аммо маълум, ки ҳоло на" - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки муносиботи Вашингтон ва Маскав пас аз амалиёти вижаи Русия дар Украина сардтар шуд.
ИМА ва шарикони аврупоияш бо шаш бастаи таҳримот ба Руися фишор оварданд, ки тибқи таҳлилҳо ба нокомӣ дучор гардид ва ҳатто худи онҳо таъсири амиқ гузошт.