Ҷиноятҳои даҳшатовар: дар Душанбе як гурӯҳи хатарноки ҷиноӣ боздошт шуд - видео

Онҳо нақшаи маккорона таҳия карда, нахуст қурбониёнро бо баҳонаи расонидани хидмати шаҳвонӣ ба доми худ кашида, сипас онҳоро латукӯб кардаву пул меситонидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар Душанбе намояндагони як гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешаванд, боздошт шуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пойтахт хабар дод.
Кормандони интизомӣ ду зан ва як мардро боздошт карданд. Ба гуруҳ шаҳрванде, ки пеш барои ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳо суд шудааст, роҳбарӣ мекард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, занон дар яке аз хонаҳои шаҳри Душанбе манзил иҷора гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хидматҳои шаҳвонӣ пешниҳод кардаанд.
Боздоштшудаҳо нақшаи маккорона таҳия карда, дар хонаи истиқоматӣ бо ҷавононе вомехӯрданд, ки мувофиқи нақша меоянд.
Баъд аз ин, сардори гурӯҳи ҷиноӣ бо завлона, дастгоҳи барқӣ ва туфангчае, ки пешакӣ омода карда шуда буд, вориди ҳуҷра шуда, худро корманди пулис муаррифӣ намуда барои ба даст овардани маблағҳои калон ҷабрдидаҳоро метарсонидааст.
Боздоштшуда ба дастони қурбониён завлона зада, лату кӯб ва шиканҷа медод ва пасон таҳқирҳои кардаашро дар телефон сабт кардаву пул талаб мекард.
Ӯ аз яке аз қурбониён мошини хориҷияшро гирифтааст.
ВУД мегӯяд, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳомоти ғоратгарӣ, зиндони ғайриқонунӣ ва тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.