ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик дар тарабхонаҳои бонуфузи Арабистни Саудӣ таҷрибаомӯзӣ мекунанд.
Дар ин бора намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ зимни мулоқот бо ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) Убайдулло Асрорзода ба мувофиқа расидаанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии донишгоҳи мазкур, Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тибқи шартномаи ҳамкорӣ ҳамасола имкон дорад, ки чор бурсия барои донишҷӯёни ДБССТ ҷудо намуда, ҳудуди 30 нафар муҳассилинро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирад.
Ҳамин тавр бо ин мақсад, сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ва намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намудаанд.
Зимни мулоқот Асрорзода бо меҳмонон, омодасозии муштараки кадрҳо, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, табодули академии донишҷӯён, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар тарабхонаҳои бонуфузи Арабистони Саудӣ бо таъмини идрорпулии муайян ва таъмини шароити мусоиди будубошро баррасӣ намудаанд.
"Ҳамзамон мусоҳибон ҷиҳати бастани шартномаҳои ҳамкорӣ доир ба масоили болозикр ба мувофиқа расиданд", - омадааст дар хабарнома.
Инчунин масъалаи дар ҳамкорӣ бо Академияи аккредитатсионии Швейтсария гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таҳсилотии Донишгоҳ муҳокима шудааст.
Манбаъ афзуда, ки меҳмонони араб, бо шароити омодасозии кадрҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ошноӣ шуда, ба пойгоҳӣ моддӣ-техникии Донишгоҳи мазкур баҳои баланд додаанд.