Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Кай амалиёти вижаи Русия дар Украина анҷом меёбад? Посухи раҳбари ҶМД

Раҳбари ҶМД гуфт, кай Русия амалиёти вижаи низомии ҳифзи Донбассро ба охир мерасонад. Дар ин масъала ӯ бо вакили Думаи давлатӣ ҳамфикр аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Амалиёти вижаи Русия дар Украина шояд то охири соли 2022 анҷом шавад. Дар ин бора раисҷумҳурии мардумии Донетск Денис Пушилин изҳор дошт.
Дар ҷараёни ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург хабарнигори РИА Новости аз сиёсатмадор пурсид, ки оё ӯ ба назари Адам Делимхонов, вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия шарик аст ё хайр?
Қаблан вакили порлумон изҳори умедворӣ карда буд, ки амалиёти вижаи ҳифзи Донбасс то охири соли ҷорӣ анҷом ёбад. Раҳбари ҶМД ба фикри ӯ розӣ шуд.
"Ман ба ин умедворам", - гуфт Пушилин.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пушилин хостори озодсозии ҳамаи шаҳрҳои русӣ дар Украина шуд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Вакили Думаи давлатӣ замони анҷоми амалиёти вижа дар Украинаро гуфт: видео
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.