Таҳдид ба Осиёи Марказӣ ва эътирофи Толибон: изҳороти пурсарусадои Кобулов

Дипломат дар робита ба Афғонистон як қатор изҳороти муҳим, аз ҷумла масъалаҳои эътирофи мақомоти нав, инчунин амнияти Осиёи Марказӣ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Толибон ба Осиёи Марказӣ таҳдид намекунанд. Дар ин бора Замир Кабулов, мудири департаменти дуюми Осиёии Вазорати корҳои хориҷӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, намояндагони мақомоти нави Афғонистон нигаронии Русия ва кишварҳои дигарро аз қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дарк мекунанд. Ба инкишофи онҳо шароити ҳозираи мамлакат мусоидат мекунад.
"Худи ҷунбиши толибон, ки ҳоло дар Афғонистон ҳукмронӣ мекунад, дигар ба Осиёи Марказӣ таҳдид намекунад. Равобити деринаи сиёсӣ ва дипломатии онҳо ҳадди ақалл бо Ӯзбекистон ва Туркманистон хуб рушд кардааст", - таъкид кард Кобулов.
Дипломат дар бораи фаъолияти гуруҳҳои мамнуъ сухан ронда, қайд кард, ки террористон дар Афғонистон аз англосаксонҳо ёрию маблағ мегиранд.
Кобулов таъкид кард, ки ин воқеан ба субот дар Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.
Намояндаи вазорати хориҷаи Русия дар робита ба Афғонистон чанд изҳороти муҳими дигар дод.
Ҳамин тавр, Кобулов гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар сурати зарурат интиқоли фаврии ғалла ба ин кишварро тасдиқ кардааст. Нуриддин Азизӣ, вазири тиҷорати Афғонистон, ки аз сӯи толибон таъйин шудааст, барои баррасии ин масъала ба Маскав сафар мекунад.
Тамоюли Русия ва Туркия ба сармоягузорӣ дар бахши энержии Афғонистон
Пештар Кобул бо рӯйхати молҳои зарурӣ ба Маскав муроҷиат карда буд. Дар байни онҳо гандум, маҳсулоти нефтӣ ва дигарҳо ҳастанд.
Илова бар ин, дипломат ба эътирофи ҳукумати толибон дар Афғонистон дахл кард. Ба гуфтаи вай, дар ин масъала Федератсияи Русия на ба ИМА ва на ба дигар кишварҳо нигоҳ намекунад.
"Чунин дурнамоҳо возеҳу равшан вуҷуд доранд, шартҳоро ҳам раисиҷумҳури Русия ва ҳам вазири корҳои хориҷӣ ироа карданд", — гуфт намояндаи вазорати корхои хоричй.
Вай афзуд, ки қадами аввал дар ин самт бояд қудрати фарогири этносиёсӣ бошад.